Pamir Energy- Murgab

Pamir Energy- Murgab Contact information, map and directions, contact form, opening hours, services, ratings, photos, videos and announcements from Pamir Energy- Murgab, Energy Company, Murghab.

Компания “Памир Энерджи” в рамках финансового сотрудничества между правительствами Республики Таджикистан и Федеративной Республики Германии сдала в эксплуатацию ГЭС «Таджикистан» в высокогорном Мургабском районе.

НБО-Точикистон дарноҳияи Мурғоб, тантанаҳои бошукӯҳи ҷашнӣ ба ифтихори 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Т...
03/09/2026

НБО-Точикистон дарноҳияи Мурғоб, тантанаҳои бошукӯҳи ҷашнӣ ба ифтихори 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мароми хос ва рӯҳияи баланди ватандӯстӣ идома доранд. Нимаи дуюми рӯзи 2-юми сентябр, пас аз баргузории раҳпаймоии муҳташами идона, дар майдони Парчам ва Нишони давлатӣ намоиши дастовардҳои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ин ноҳияи баландкӯҳ доир гардид.

Дар чорабинии мазкур узви Маҷлиси Миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси ноҳияи Мурғоб муҳтарам Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо, муовини якуми Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти нади Ҳукумати Ҷумҳурии тоҷикистон Шукурзода Исфандиёр Шукур иштирок намуданд.

Дар рафти чорабинӣ, дар партави сиёсати созанда ва дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба масъулони ҷамъияти истифодабарандагони чарогоҳҳои ҷамоатҳои деҳоти Мурғоб, Қарақул ва Ғоҷо Бердибаев калидҳои 4 адад трактори муосири кишоварзӣ ба таври тантанавӣ супурда шуд. Техникаи мазкурро аз номи Роҳбари давлат, раиси ноҳияи Мурғоб Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо, муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёр Шукурзода ба намояндагони соҳа тақдим намуданд.

Ҳайати расмӣ зимни боздид аз хаймаҳои идона ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ба рушди соҳа дар шароити гармхонаҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд. Қайд гардид, ки солҳои охир дар баробари сокинони таҳҷоӣ, кормандони мақомоти қудратӣ низ ба парвариши сабзавот дар гармхонаҳо ворид шудаанд. Ҷиҳати зиёд намудани ҳаҷми истеҳсолот, консервакунонии маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза ва ба савдо баровардани онҳо пешниҳодҳои мушаххаси сиёсӣ-иқтисодӣ ва тавсияҳои судманд дода шуданд.

Дар намоишгоҳ санъати волои кадбонуҳо ва ҳунарҳои мардумии хоси сокинони тоҷику қирғизтабори ноҳия манзур гардид. Ин инъикоси барҷастаи сиёсати хирадмандонаи Ҳукумати кишвар дар самти таҳкими дӯстии халқҳо, ҳифзи гуногунии фарҳангӣ ва арзишҳои муштараки таърихӣ дар ин минтақаи баландкӯҳ мебошад.

Раиси ноҳияи Мурғоб Ҳусния Раҷабзода кулли бошандагони диёрро бо ин санаи муқаддаси тақдирсоз табрик намуда, роҷеъ ба 35 соли рушди бемайлони ноҳия ибрози назар кард. Таъкид гардид, ки дар партави сиёсати созандаи Пешвои миллат, Мурғоб ба дастовардҳои беназири геоиқтисодӣ ноил шуда, ба Дарвозаи ҳақиқии Шарқии кишвар мубаддал гашт. Имрӯз ҳатто рустоҳои дурдасттарини ноҳия бо неруи барқ ва алоқаи доимӣ таъмин буда, бо бунёди инфрасохтори замонавии соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, тафовут миёни шаҳрак ва деҳот комилан аз байн бардошта шудааст.
Дар навбати худ, муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ сокинони сарбаланди ноҳияро таҳният гуфта, оид ба ташаккулёбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва демократӣ суханронӣ намуд.

Чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ бо супоридани Сипосномаҳои мақомоти давлатӣ ба фаъолони соҳаҳои гуногун ва барномаи консертии аҳли ҳунари ноҳия, ки тараннумгари Истиқлол, Ваҳдат ва соҳибдавлатии миллати тоҷик буд, бо шукӯҳу шаҳомати хос анҷом ёфт.

МУРҒОБ ДАР ПАРТАВИ ИСТИҚЛОЛ: Роҳпаймоии бесобиқа ва бошукӯҳи аҳли заҳмат бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ!Субҳ...
02/09/2026

МУРҒОБ ДАР ПАРТАВИ ИСТИҚЛОЛ:
Роҳпаймоии бесобиқа ва бошукӯҳи аҳли заҳмат бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ!

Субҳи 2 юми сентябр маркази ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб ба майдони ишқу садоқат, ифтихори миллӣ ва ҳамбастагии сокинон табдил ёфт. Бахшида ба ҷашни муқаддаси миллиамон — 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ноҳия роҳпаймоии бошукӯҳи сокинони шаш гӯшаи созанда ва фаъолони соҳаҳои ҳаётан муҳим доир гардид.
Роҳпаймои осоишта бо иштироки бевоситаи узви Маҷлиси Миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Раиси ноҳияи Мурғоб муҳтарам Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо, муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурзода Исфандиёр Шукур дар фазои ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва истиқлолияти комили миллӣ баргузор гардид.
Ин ҳаракати бошукӯҳ намоиши иқтидор, субот ва садоқати бепоёни мардуми кӯҳистон ба сиёсати бунёдкоронаи кишвар мебошад.
Дар ин рӯзи таърихӣ намояндагони тамоми ҷамоатҳои деҳот ва шаҳрак бо сари баланд ва ифтихори ватандӯстӣ аз назди минбар гузаштанд.
Аз дарвозаи файзбори Аличуру Бердибаев, Қизилработи дорои аввалин неругоҳи бодӣ, Рангкули афсонавӣ бо бунгоҳу неругоҳҳои нави офтобӣ, то Қаракули сайёҳӣ ва шаҳраки маъмурии Мурғоб, ки симояш дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо бунёди иншооти муосир ва марказҳои саноатӣ ба куллӣ тағйир ёфтааст, ҳама якҷоя як Мурғоби воҳидро муаррифӣ намуданд.
Сутунҳои асосии рушди ноҳия — кормандони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва сохторҳои молиявию сохтмонӣ низ бо нишондиҳандаҳои назарраси меҳнатӣ саф кашиданд. Чароғбадастони илму маърифат, наҷотбахшони ҳаёти инсонҳо ва ҳунармандони соҳибзавқ дар баробари ҷавонони ватандӯст, ки ҳамеша нақшаи даъватро дар рӯзи аввал пурра таъмин мекунанд, қалби ҳамагонро ба ҷӯш оварданд. Мардони нури неругоҳҳои барқию офтобӣ ва заҳматкашони соҳаи кишоварзиву гармхонаҳо нишон доданд, ки ҳеҷ як мушкилии иқлимӣ пеши роҳи созандагиро гирифта наметавонад.
Тантанаи роҳпаймоии бошукӯҳро сафҳои оҳанини мардони шуҷои хадамоти оташнишонӣ бо техникаҳои махсуси ҷангии сурх, садои сиренаҳо ва ороишоти ҷашнӣ, ҳамчун рамзи амнияту осоиштагии кӯҳистони мағрур ба анҷом расониданд. Мардуми сарбаланди Мурғоб бо ин намоиши босалобат собит сохтанд, ки марзи муқаддаси Тоҷикистонро бо заҳмату ҳушёрии худ ҳифз ва обод менамоянд. Истиқлолият муборак, ҳамдиёрони азиз!

#Мурғоб #Истиқлолият35 #Тоҷикистон #Баландкӯҳ #ВаҳдатиМиллӣ #Ватандӯстӣ

21/07/2026

Мургаб ГЭС 21.07.2026 главной вода 3.60 из за климата погода ☀️ днём 15 до 22℅ ночью от 9 до 13℅

‎БОЗДИДИ ВАЗИР АЗ ЗЕРИСТГОҲИ «СУҒД-500»‎‎8-уми июли соли 2026, ноҳияи Деваштич. – Шоми имрӯз вазири энергетика ва захира...
09/07/2026

‎БОЗДИДИ ВАЗИР АЗ ЗЕРИСТГОҲИ «СУҒД-500»
‎
‎8-уми июли соли 2026, ноҳияи Деваштич. – Шоми имрӯз вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд аз зеристгоҳи барқии 500 кВ «Суғд-500» боздид намуд.
‎
‎Зимни боздид масъалаҳои вобаста ба васеъсозии зеристгоҳ, бунёди хати интиқоли барқи 500 кВ аз зеристгоҳи «Суғд-500» то зеристгоҳи «Сирдарёи Нав» (Ҷумҳурии Ӯзбекистон) дар доираи лоиҳаи «Азнавпайвастшавӣ ба низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
‎
‎Вазир нақши зеристгоҳи барқии «Суғд-500»-ро дар таъмини соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт вилояти Суғд бо неруи барқ, инчунин дар рушди ҳамкориҳои минтақавӣ, аз ҷумла дар доираи лоиҳаи CASA-1000 ва Низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ, муҳим арзёбӣ намуда, ба масъулон барои таъмини фаъолияти устувору боэътимоди зеристгоҳ, нигоҳдории босифати таҷҳизот ва иҷрои саривақтии корҳои пешбинишуда дастуру супоришҳои мушаххас дод.
‎_____________________
‎ВИЗИТ МИНИСТРА НА ПОДСТАНЦИЮ «СУГД-500»
‎
‎8 июля 2026 года, Деваштич. – Сегодня вечером Министр энергетики и водных ресурсов Республики Таджикистан Далер Джумъа в рамках рабочей поездки в Согдийскую область посетил электроподстанцию 500 кВ «Сугд-500».
‎
‎В ходе визита были рассмотрены вопросы, связанные с расширением подстанции, а также строительством линии электропередачи 500 кВ от подстанции «Сугд-500» до подстанции «Новая Сырдарья» (Республика Узбекистан) в рамках проекта «Переподключение к Объединенной энергосистеме Центральной Азии».
‎
‎Министр подчеркнул важную роль подстанции «Сугд-500» в обеспечении электроэнергией отраслей экономики и социальной сферы Согдийской области, а также в развитии регионального сотрудничества, в том числе в рамках проекта CASA-1000 и Объединенной энергосистемы Центральной Азии.
‎
‎По итогам визита министр дал конкретные поручения ответственным лицам по обеспечению устойчивой и надежной работы подстанции, качественному техническому обслуживанию оборудования и своевременному выполнению запланированных работ.

БА ТАВАҶҶУҲИ НАМОЯНДАГОНИ ВАСОИТИ АХБОРИ ОММА!Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони воси...
09/07/2026

БА ТАВАҶҶУҲИ НАМОЯНДАГОНИ ВАСОИТИ АХБОРИ ОММА!

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони воситаҳои ахбори оммаро ба нишасти матбуотӣ даъват менамояд.

Нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Вазорат дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ 10-уми июли соли 2026, соати 10:00, дар бинои Вазорати энергетика ва захираҳои об (кӯчаи Шамсӣ 5/1) баргузор мегардад.

ПРЕСС-РЕЛИЗ
оид ба натиҷаҳои фаъолияти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2026

Дар нимсолаи якуми соли 2026 дар қатори дигар соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ, корхонаю муассисаҳои соҳаҳои марбут ба Вазорати энергетика ва захираҳои об низ, фаъолияташонро дар самти иҷрои дастуру супоришҳои дар паёма ба Маҷлиси Олӣ баённамудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарору супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2025, №377 «Дар бораи Дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2028», «Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026», иҷрои барномаҳои соҳавӣ ва минтақавии рушди энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ равона намуда, дар доираи салоҳияту уҳдадориҳои ба зимма доштаашон корҳои муайянеро ба анҷом расониданд.

Дар ин давра, истеҳсоли энергияи барқ дар ҷумҳурӣ 11 млрд 656,4 млн кВт·соатро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 156,6 млн кВт·соат ё 1,3 % кам мебошад.

Истеҳсоли энергияи барқ дар ҷумҳурӣ аз ҷониби барқистеҳсолкунандагони мустақили кишвар чунин ба қайд гирифта шуд:
− дар ҶСК «Барқи Тоҷик» 8 млрд 887,6 млн кВт·соат, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,7 млн кВт·соат кам мебошад;
− дар ҶСК «НБО Сангтӯда-1» 1 млрд 485,5 млн кВт·соат, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,3 млн кВт·соат зиёд мебошад;
− дар НБО «Сангтӯда-2» 479,4 млн кВт·соат, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,4 млн кВт·соат кам аст;
− дар ҶСК «Помир Энерҷӣ» 121,9 млн кВт·соат, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10,7 млн кВт·соат зиёд мебошад.
− дар ҶСК «НБО Роғун» 675 млн кВт·соат, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 161 млн кВт·соат кам мебошад.
− дар неругоҳҳои хурди ҷумҳурӣ 6,2 млн кВт·соат, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,7 млн кВт·соат кам мебошад.

Дар нимсолаи якуми соли 2026 истеҳсоли энергияи гармӣ 750,9 ҳазор Гкаллро ташкил намуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 61,5 ҳазор Гкалл ё 7,6 % кам мебошад.

Ҳаҷми умумии содироти энергияи барқ бо натиҷаҳои нимсолаи якуми соли 2026 ҳаҷми 1 млрд 45,1 млн кВт·соат ё 292,2 млн сомониро ташкил дод (аз ҷумла, 3,1 млн кВт·соат ё 1,1 млн сомонӣ аз ҳисоби ҶСК «Помир Энерҷӣ»), ки ин нисбат ба ҳамин давраи гузашта 78,1 млн кВт·соат ё 7 % кам мебошад. Энергияи барқ, асосан, ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 702,7 млн кВт·соат ба маблағи 283,9 млн сомонӣ ва ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон 338,9 млн кВт·соат содирот карда шудааст.

Бояд тазаккур дод, ки 90 %-и энергияи барқ дар давраи зиёд гардидани резиши об дар дарёҳо, яъне моҳҳои апрел-июн содирот шудааст.

Дар умум, бо дарназардошти ҳаҷми энергияи барқи қабулнамуда, иҷрои ухдадориҳои таҳвилӣ, содиротӣ ва воридотӣ, талафоти энергияи барқ дар системаи энергетикӣ ба 1 млрд 654,3 млн кВт·соат ё 12,9 % баробар гардид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 607,9 млн кВт·соат ё 4,2 % кам мебошад.

Ҷамъоварии умумӣ аз бозори дохилӣ 96,1 % ё 4 млрд 244,9 млн сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 млрд 242,4 млн сомонӣ ё 41,4 % зиёд мебошад.
Ҷамъоварӣ аз ҳисоби аҳолӣ 1 млрд 625,3 млн сомонӣ ё 97,7 % иҷро гардид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 401,5 млн. сомонӣ ё 32,8 % зиёд гардидааст.

Ба ҳолати 1-уми июни соли 2026 маблағи қарзи дебитории энергияи барқ бо назардошти қарзҳои солҳои пешин 3 млрд 835,2 млн сомонӣ, аз ҷумла аҳолӣ – 1 млрд 126,8 млн сомонӣ, ҶСК «Ширкати Алюминийи Тоҷик» – 991,4 млн сомонӣ танҳо дар назди ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ», КВД «Обу корезии ҷумҳурӣ» – 126,3 млн сомонӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ – 322,4 млн сомонӣ, ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ 100,4 млн сомонӣ ва дигар корхонаҳо 1 млрд 159,5 млн сомониро ташкил дод. Дар 6 моҳи соли ҷорӣ қарзи дебиторӣ ба маблағи 202,4 млн сомонӣ ё 5,6 % афзоиш ёфтааст.

Дар давраи ҳисоботӣ корҳо дар доираи лоиҳаҳои давлатии сармоягузории соҳаи энергетика, аз ҷумла лоиҳаи «Таҷдиди неругоҳи барқи обии Сарбанд» (гидроагрегати №4), «Таҷдиди неругоҳи барқи обии Қайроққум», «Лоиҳаи минтақавии хати интиқоли барқи CASA-1000», «Таҷдиди НБО Норак» (марҳилаҳои 1 ва 2), Лоиҳаи «Барномаи барқарорсозии бахши энергияи барқӣ дар Тоҷикистон», «Электрофикатсияи деҳот», «Азнавпайвастшавӣ ба низоми энергетикии ягонаи Осиёи Марказӣ», «Кам намудани талафоти неруи барқ дар вилояти Хатлон» (шаҳрҳои Кӯлоб ва Бохтар), «Лоиҳаи рушди соҳаи энергетика» (Кам намудани талафоти неруи барқ дар шаҳрҳои Душанбе, Панҷакент, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Бӯстон ва ноҳияи Данғара»), лоиҳаи «Таҷдиди шабакаи интиқоли барқи Суғд/ Васеъсозии шабакаи интиқоли барқи Суғд», Лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар Ҷамоати деҳоти Ромит» (марҳилаи 2) ва Барномаи дастгирии энергетикаи устувор дар Тоҷикистон, лоиҳаи «Электрофикатсияи деҳот» (қисмати ВМКБ) идома дода шуд.

Дар доираи ин лоиҳаҳо 1,6 млрд доллари ИМА маблағ ҷалб карда шудааст.

Соҳаи захираҳои об. Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе Конфронси 4-уми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» (25-28-уми май) баргузор гардид.

Ҳадафи асосии Конфронси мазкур ба фароҳам овардани платформа барои пайгирӣ, пешбарӣ ва дастгирии иҷрои уҳдадориҳои ихтиёрии дар Рӯзномаи амали об (Water Action Agenda) қайдшуда, инчунин ҳавасмандгардонии шарикии нав ва суръат бахшидан ба амалҳо барои ноил шудан ба ҳадафҳои Рӯзномаи 2030 оид ба рушди устувор равона шудааст.

Конфронси чоруми оби Душанбе марҳилаи калидӣ барои омодагӣ ба Конфронси оби СММ дар соли 2026 ва Конфронси оби СММ дар соли 2028 арзёбӣ шуда, ҷиҳати суръат бахшидан ба пешрафт дар самти ноилшавӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор ва дигар ҳадафҳои мувофиқашудаи байналмилалии марбут ба об саҳми хешро гузошт.

Дар рӯзҳои баргузории Конфронс 6 нишасти мавзуӣ, 3 панели махсус 11 форум ва як қатор чорабиниҳои канорӣ доир шуданд.

Дар нимсолаи якуми соли 2026 аз ҷониби ташкилоту идораҳои марбут ба истифодаи об аз сарчашмаҳои гуногуни обгирӣ зиёда аз 4 692,6 млн. м3 гирифта шуда, истифодаи ҳақиқии он бе талафот 3 744,6 млн. м3-ро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, 1 364,7 млн. м3 бо мақсади обёрӣ, 88,9 млн. м3 бо мақсади таъмини оби ошомиданӣ ба аҳолӣ, 1,24 млн. м3 бо мақсади обтаъминкунии деҳот, 53,5 млн. м3 бо мақсади моҳипарварӣ, 1 131,4 млн. м3 бо мақсади истифода дар НБО-ҳо, МБГ 1 ва 2-и шаҳри Душанбе ва 1 104,9 млн. м3 дар дигар соҳаҳо об истифода намудаанд.

Соҳаи нафту газ. Дар нимсолаи якуми соли 2026 истихроҷи нафт 10 013,5 тоннаро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 855,4 тонна ё 9,3 % зиёд мебошад. Истихроҷи гази табиӣ бошад, 355 ҳаз. м3-ро ташкил додааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 225 ҳаз. м3 ё 1,7 маротиба зиёд мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми коркарди нафт 6 894 тоннаро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 443,3 тонна зиёд буда, захираи нафт дар анборҳои корхонаҳои коркарди нафт 731,4 тоннаро ташкил медиҳад.

Дар давраи ҳисоботӣ дар соҳаи нафту газ ҳамкориҳо бо Ширкати «CNPС Central Asia B.V.» дар самти ҷустуҷӯ, иктишоф, истихроҷ ва кашфи конҳои нафту газ идома дода шуд. Айни замон ширкат ба ҷамъбасти натиҷаҳои корҳои саҳроӣ ва интерпретатсияи онҳо машғул мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ воридоти гази табиӣ аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 126,377 млн. м3-ро ташкил додааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,3 млн. м3 зиёд мебошад.

Дар нимсолаи якуми соли 2026 аз ҳисоби соҳибкорон ва ҷамъиятҳои ватанӣ маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ аз ҳамаи давлатҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 922,8 ҳазор тонна ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025, дар ҳаҷми 114,2 ҳазор тонна ё 11,0 % зиёд гардидааст.

✅

Имсол, ба муносибати 35-умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ширкати “Помир Энерҷӣ”  бо дастгир...
10/06/2026

Имсол, ба муносибати 35-умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ширкати “Помир Энерҷӣ” бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ татбиқи Лоиҳаи “Барқикунонии деҳот”- ро идома дода истодааст.
Дар доираи ин лоиҳа аллакай 22 нерӯгоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 13 МВт дар деҳаҳои дурдасти ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сохта шудаанд. Қобили зикр аст, ки ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти Тоҷикистон, Ширкат нақша дорад, ки ҳафт нерӯгоҳи дигари офтобиро бо иқтидори умумии 540 кВт ва аввалин нерӯгоҳи бодиро дар деҳаи Тохтамиши ноҳияи Мурғоб бо иқтидори 200 кВт сохта, мавриди истифода қарор диҳад.

В этом году в честь празднования Дня Независимости Республики Таджикистан компания "Памир Энерджи" при поддержки Правительства Республики Таджикистан и Всемирного Банка продолжает реализацию проекта Электрификация сельской местности. Согласно данному проекту в отдаленных кишлаках Мургабского района ГБАО уже построены 22 солнечных станций, на общую мощность 13 МВт. Стоит отметить, что в честь празднования Дня Независимости РТ компания планирует пустить в эксплуатацию еще 7 солнечных станций общей мощностью 540кВт и первую ветренную станцию в кишлаке Тохтамиш, Мургабского района мощностью 200 кВт.

26/05/2026
11/04/2026

ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИЮ ИҶТИМОИИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯ МУРҒОБ ВА СОХТОРҲОИ ОН ДАР СЕМОҲАИ ЯКУМИ СОЛИ 2026

Санаи 10 апрели соли 2026 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб таҳти раёсати Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо раиси ноҳияи Мурғоб ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб ва сохторҳои он дар семоҳаи якуми соли 2026 баргузор гардид.

Дар ҷаласаи ҷамъбастӣ муовини аввали раиси ноҳия, мудирони шӯъбаву бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳия, сардорони идораву муассисаҳои ноҳия, раиси шаҳраки Мурғоб ва раисони Ҷамоатҳои ноҳия ва сардорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ширкат доштанд.

Машваратро раиси ноҳияи Мурғоб ифтитоҳ намуда, тибқи рӯзномаи ҷаласа Пайшанбизода Неру муовини аввали раиси ноҳияи Мурғоб гузориш доданд.

Зимни баррасии масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Мурғоб вобаста ба тамоми самтҳо, дар давоми се моҳи аввали соли 2026 пурра таҳлил гардида, қайд карда шуд, ки дар ин муддат соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Мурғоб ба як қатор пешравиҳои назаррас ноил гардидааст.

Зимнибаррасии масъалаҳо Раҷабзода Ҳусния Ҳукматшо раиси ноҳияи Мурғоб “Дар бораи рушди иқтисодии ноҳия, маҷмӯъи маҳсулоти дохилӣ, субъектҳои соҳибкорӣ, самти кишоварзӣ, энергетика, ба роҳ мондани фаъолияти хуби сохтмони корхонаву коргоҳҳои хурду бузурги саноатӣ, сазовор пешвоз гирифтан аз 35 – умин солгарди Истиқлолияти далатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ, тарбияи насли наврас дар руҳияи худшиносиву худогоҳӣ ва дар ин самт ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ ибрози андеша намуда, ба масъулин супоришҳои мушаххас доданд.

Мурғоб. Боздид аз иншоотҳои сохташавандаДар доираи сафари корӣ Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  Мирзонабот Алиш...
06/04/2026

Мурғоб. Боздид аз иншоотҳои сохташаванда

Дар доираи сафари корӣ Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Мирзонабот Алишер Худобердӣ ва директори генералии Pamir Energy Рахимов Амрихон ва муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фаъолияти кории нерӯгоҳи офтобӣ, рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои нозироти андоз ва лоиҳаи сохтмони муассисаи томактабӣ дар маркази ноҳия шинос гардиданд.

Address

Murghab

Website

Alerts

Be the first to know and let us send you an email when Pamir Energy- Murgab posts news and promotions. Your email address will not be used for any other purpose, and you can unsubscribe at any time.

Shortcuts

Share

Category