10/01/2026
Бародари азиз - Қурбонзода Авазхон Бозор - Шуморо бо таъин шуданатон ба вазифаи сардори Муассисаи нақлиётии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик менамоем.
Ба Шумо саломатии бардавом, умри дарози бобаракат, бахту иқболи нек, рӯзгори ободу дили шод ва дар иҷро намудани ин вазифаи хизматии масъулиятнок барори кор, иззату обрӯ, муваффақият ва бурдбориҳои нав ба навро орзӯмандем.
Боварии комил дорем, ки Шумо дар таъмин намудани волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони кишварамон саҳми босазои худро мегузоред.